рузгори як гурухи атфол

Сентябрь 19, 2006 at 12:10 пп (Uncategorized)

Кудакони точик голибан дар оила, куча ва мактаб ба намудхои гуногуни зуровари гирифтор мешаванд.
Аз чониби калонсолон ё шахсони масъул мавриди латукуби шадид карор гирифтан, суиистифода аз нируи кори кудакон дар корхои нихоят сангин ва барои саломатии онхо зараровар, монеъи тахсили онхо шудан ва саранчом бо сабаби бетачрибагиву камкувватии наврасон конеъ намудани талаботи шахвони, аз кабили намудхои зуровариеанд, ки нисбат ба наврасон сурат мегиранд.
Ба гуфти Бахтиёр Насруллоев вакили мудофааи шахри Истаравшан нодори ва мушкилоти иктисодии оилахо волидонро водоштааст, ки фарзандони худро аз субх то шом барои дарёфти ризку рузи ба корхои гуногуни хооагидори ва музднок мачбур созанд:
«Аксарият аз сахари барвакт то бевакти дар бозору кучахо ба кори вазнини чисмони машгуланд. хам аз гирифтани маълумот ва хам аз истирохат пурра махруманд. Дар дехот вазъ боз сангинтар аст, онхо аз сахар то бегох дар сахро кор мекунанд.»
Бахтиёр Насруллоев афзуд дар чомиъа одате хаст, ки вакте калонсол хузур дошта бошад, назари хурдонро дар масъалахое, ки ба хаёти шахсии онхо дахл дорад, ба инобат намегиранд, ки ин низ як намуди накзи хукуки онхо аст:
«Чавонон бо ки издивоч мекунанд, хамаи инро волидон хал мекунанд.»
Аксари волидон мавриди латукуб карор додани фарзандонашонро як намуди чорахои интизоми ё усулхои тарбия мехисобанд.
Аммо равоншиносон мегуянд, зуровари нисбат ба кудак боиси нодуруст ташаккул ёфтани хусусиятхои шахсии у мегардад. Азиза Мансурова номзади илми равоншиносии донишгохи давлатии шахри Хучанд гуфт кудаке, ки бо ноз парварида шудааст, фардо мухаббати худро ба наздикон ва ба ахли чомиъа бармегардонад.
«Аммо фикр кунед кудаке, ки ин мехру мухаббатро дар овони тифли нагирифтааст, онро чи хел баргардонад? Ба чойи мехру шафакат хисси нафрат, ба чои самимият чахолат ташаккул меёбад. Духтарбачагон хусусияти духтаронаи худ – гамхори, нафосат ва назокатро, писархо – дар асоси хамин хушунат далери, часорат, катъият ва мардонагии худро гум карда, шахсияти онхо на бо хама хусусиятхои равони ташаккул ёфтанаш мумкин аст.»
Заррина Исхокова модари ду фарзанди баркамол мегуяд, миёни фарзанд ва волидон бояд иззату эхтиром вучуд дошта бошад ва он гох зарурат ба зуровари пеш намеояд.
«Барои ин ки фарзанд ба шумо гапи дагал нагуяд, шумо ба фарзанд муносибати хуб кунед, ки у аз дагали ва беэхтироми нисбат ба чунин волидони мехрубон шарм кунад.»
Коршиносон мегуянд волидон бояд дар тарбияи фарзандон эхсоси масъулият дошта бошанд. Зеро хушунату зуровари ва ситам нисбат ба кудакон барояшон гарон хохад шуд. Фарзандон метавонанд ба олами чинои фуру рафта, саранчом хамкисмати падару модарашон нодор шаванд.

Прокомментировать